Ноболиғи 15-сола даст ба ғоратгарӣ зад
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии рафиқаш ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт 17-уми июни соли 2025, ҳангоми дар истгоҳи кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанашон ба назди ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур рафта, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-7+”, ки арзишаш 700 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.