Дастгир гардидани марди 33-сола барои лату кӯб ва куштори ҳамсараш
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 13-уми июни соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар манзили истиқоматиашон қарор доштанаш, бо ҳамсараш ҷавонзани 25-сола бо сабабҳои ночиз муноқиша намуда, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб намудааст.
Ҷабрдида 15-уми июни соли 2025, тахминан соати 14:40-дақиқа, дар назди гаҳвораи фарзандаш аз ҳуш рафтааст.
Сипас гумонбаршаванда ҳамсарашро ба беморхона дастрас намудааст, ки ӯ дар беморхона фавтидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.