Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард ва дучархарон дар садамаҳои нақлиётӣ

16-уми июни соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ахмедҷонов Раҳматулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Истаравшан ба самти деҳаи Қ.Арабӣ ҳаракат карда истода, дар роҳи мошингарди кӯчаи И.Сомонии шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муҳаммадиев Темур Сайдуллоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин шаҳрро, ки роҳро убур мекард, пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Муҳаммадиев Т.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
17-уми июни соли 2025, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Бобоев Шерали Эмомалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми дар канори роҳи рости роҳи автомобилгарди деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш воситаи нақлёташро ба тарафи чапи роҳи автомобилгард ба ҳаракат дароварда, ба роҳи дучархарон Шарипов Диловар Абдулмаҷидович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳаин шаҳр мебарояд, ки дар ҳамин вақт дучархарон Шарипов Д.А. ба қисмати бари тарафи чапи воситаи нақлиёти мазкур бархӯрда ба замин афтода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

18.06.2025 15:45
31