Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе соли 2020 ҳангоми дар шаҳри Душанбе маҳаллаи Зарафшон қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов дар масоҳати 73-метри мураббаъ, хонаи истиқоматӣ харидорӣ намуда, онро ба ному насабаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо гумонбаршаванда ба ваъдааш наистода манзили истиқоматии мазкурро ба дигар кас фурӯхта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Истаравшан 1-уми феврали соли 2025, тахминан соати 08:00, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ карда додани корхонаи обтаъминкунии деҳаи Куҳандижи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ҳамин шаҳр аз ҷабрдида 620 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи бадаст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.06.2025 8:43
34