Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара аз моҳи июни соли 2021 дар вазифаи сардори шуъбаи билингии Шабакаҳои барқи шаҳри Исфара фаъолият намуда истода, моҳи августи соли 2024 аз муштарӣ зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур барои истифодаи қувваи барқ 220 сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст. 
Инчунин гумонбаршаванда моҳи августи соли 2024 аз муштари ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин шаҳр барои истифодаи қувваи барқ 3 ҳазор сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда моҳи августи соли 2024 аз муштарӣ марди 41-соаи сокини шаҳри Исфара барои истифодаи қувваи барқ 400 сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда моҳи августи соли 2024 аз муштарӣ зани 44-солаи сокини шаҳри Исфара барои истифодаи қувваи барқ 1 ҳазору 550 сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Гумонбаршаванда моҳи августи соли 2024 аз муштарӣ зани 47-солаи сокини шаҳри Исфара барои истифодаи қувваи барқ 1 ҳазору 85 сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Гумонбаршаанда моҳи августи соли 2024 аз муштарӣ пиразани 75-солаи сокини шаҳри Исфара барои истифодаи қувваи барқ дар умум 800 сомонӣ гирифта, ба хазинаи шабакаҳои барқи шаҳри Исфара пардохт накарда, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 50-солаи сокини шаҳри Норак аз соли 2018 то инҷониб ҳамчун муовини директор оид ба корҳои хоҷагии МТМУ №4-и шаҳри Норак кор карда, дар давоми солҳои 2024-2025 ба миқдори 242,01-кг гушти гов ба маблағи 21 ҳазору 251 сомониву 58-дирам, 470-килограмм гушти паранда (мурғ) ба маблағи 18928,79-сомонӣ, 2041,40-килограмм картошка ба маблағи 10 ҳазору 573 сомониву 40 дирам, 908-килограмм шакар ба маблағи 10 ҳазору 277 сомониву 71-дирам ва дигар маҳсулоти хӯрока бо арзиши 13 ҳазору 463 сомониву 60-дирам қабул намуда, онро ба сарошпази муассиса насупорида, азонихуд намуда, ба муассисаи мазкур, ҷамъ ба маблағи 74 ҳазору 495 сомониву 8 дирам зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафишот идома дорад.

18.06.2025 8:39
36