Ифшо шудани дуздии “Айфон” аз сартарошхона
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ворид гардидааст, ки 12-уми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили “Сартарошхона”, воқеъ дар суроғаи кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Айфон 12 Про” арзишаш 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 34-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.