Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

5 июн суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва  муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат ба  муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми  дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон  бо ибрози қаноатмандӣ аз ҷараёни имрӯзаи рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар, аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд.

05.06.2025 11:35
10