Семинари омӯзишӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо
Рӯзи 14-уми июн дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе бо ибтикори Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» баргузор гардид.
Дар он муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, намояндаи Дафтари барномаи САҲА Ҳайдар Маҳмадиев ва равоншиноси Раёсати тиббии ВКД капитани хизмати дохилӣ Аюб Бозоров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён вобаста ба таълиму тарбия, арҷ гузоштани эҳтироми падару модар ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ баромад намуда, зикр кард, ки расидан ба қадри падару модар яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Зеро инсон ҳангоми ба гуфтаи неки волидайн амал кардан ба тамоми муваффаққият ноил мегардад.
Ҳамзамон, номбурда вобаста ба пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби ба ҷомеа хавфнок ибрози андеша намуда, ҷавононро барои ба амалҳои нек даст задан ва дурӣ ҷустан аз нафароне, ки ба шаъну шарафи онҳо ва волидонашон иснод меоранд, талқин намуд. Инчунин, аз онҳо талаб кард, ки дар вақтҳои холӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардида, ба обутоби бадан аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро варзиш ин қуввае мебошад, ки ҷавононро дар руҳияи солим ба воя мерасонад.
Дар семинари омӯзишӣ намояндаи Раёсати тиббии ВКД капитани хизмати дохилӣ Аюб Бозоров дар мавзуи “Таъсири маводи мухаддир ба ҳолати руҳию равонии инсон” маъруза намуда, зикр кард, ки вақте ки шахс маводи психотропӣ истеъмол мекунад, дар онҳо хислатҳои дурӯғгӯӣ ва бепарвоӣ зиёд мегардад. Аз ҳама дардовараш он аст, ки нашъамандон аз ҳаёти ҷамъиятӣ дур мешаванд. Муносибати онҳо бо оила ва наздикон бад гардида, боиси рух додани муноқишаҳои пайваста мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин рӯз миёни тарбиятгирандагони Литсейи касбӣ техникии махсуси шаҳри Душанбе мусобиқаҳои футболи хурд, шашкаву шоҳмот ва бокс гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи футболи хурд ҷойи аввалро дастаи «Истиқлол» соҳиб шуда, дар зинаи дуюм тими «Равшан» ва дар ҷойи сеюм дастаи «Спартак» қарор гирифт.
Ҳамин тавр, дар ин намуди мусобиқа ҳамлагари беҳтарин - Аминҷон Баротов, бозингари беҳтарин - Шариф Амиров, муҳофизатгари беҳтарин - Шукрулло Қаҳҳорзода ва дарвозабони беҳтарин - Рамазон Болтаев дониста шуданд.
Дар намуди шоҳмот бошад, миёни иштирокчиён ҷойи аввалро Муҳаммад Шеров, зинаи дуюмро Муллораҷаб Одиназода ва ҷойи сеюмро Ардашер Сафаров соҳиб гашт.
Дар сабқати бокс бошад, ҷойи аввалро Манучеҳр Назаров, зинаи дуюмро Юсуф Шарипов соҳиб гардида, дар ҷойи сеюм Шаҳбоз Бекбобоев ғолиб дониста шуд.
Дар охир директори Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе Юсуфалӣ Раҳматов барои баргузории чунин як семинари омӯзишӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД ва САҲА баён намуд.
Тоҷиддин Латипов