Ҳалокати духтарбачаи ноболиғ бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
15-уми июни соли 2025, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи электромотороли сечарха Мирзомуродзода Меҳроби Шараф, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Вахши поён ба самти маркази шаҳри Левакант, ноболиғ Комилзода Шаҳнозаи Ширинбек, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз бачаи холааш якчанд маротиба хоҳиш кардааст, ки чанбаракро ба ӯ диҳад, ки каме сечархаи электромоторолро ронад.
Сипас Мирзомуродзода М. ба ноболиғ Комилзода Ш.Ш. чанбараки сечархаро додааст, ки номбурда аз уҳдаи идораи сечарха набаромада, дар болои пули дарёи Вахш, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант ба дарё афтида ғарқ шудаанд, ки дар натиҷа худи ронандаи ноболиғ Комилзода Ш.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















