Бо роҳи фиреб гирифтани зиёда аз 2 миллион рубли русӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳангоми дар Федератсияи Россия буданаш моҳи январи соли 2020 бо марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур суҳбати телефонӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар ду марҳила маблағҳои 2 миллиону 506 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашина интиқол медиҳад.
Номбурда якчанд аксҳои автомашинаҳои тамғаи “Тайота Кемриро” ба телефонаш равон карда, то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.