Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми июни соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 6-адад аккумулятори тамғаи “СТ-100 БАРС”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18 ва 19-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















