Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи октиябри соли 2022 бо роҳи фиреб  ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Ф-10”, ки арзишаш 220 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота - Ландукузер 200”, арзишаш 350 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази автомашинаҳо барои ӯ маҳсулоти сохтмонии арматур дар муҳлати 2-3 рӯз оварда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накардааст.
Зарари расонидашуда 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии зани 58-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар якчанд марҳила 152 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо ӯ аз ин маблағ танҳо 7 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимондаи онро ба манфиати худ сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 145 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.  
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

14.06.2025 8:58
31