Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 66-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми майи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Аҳтамбой” шуда, аз он ҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда шаби 9-уми майи соли 2025, тахминан соати  02:00, бо  роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи манзили истиқоматии зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ду сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷчиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.06.2025 8:39
13