Дастир гардидани якчанд ҷавон бо гумони тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми июни соли 2025, тахминан соати 23:00, ҳангоми рафтан ба назди дӯстдоштааш дар дохили майдончаи варзишии МТМУ №21-и шаҳри Ҳисор, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур шахсони номаълум ӯро боздошта, дохили телефони мобилиашро кофтуков намуда, наворҳои урёни дӯстоштаашро дарёфт карда, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, ба телефони мобилии худашон ба навор гирифта, ӯро иръоб "(шантаж) карда, аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ то санаи 12-уми июни соли 2025, талаб кардаанд. Ҳамзамон таҳдид кардаанд, ки дар сурати наовардани пул наворҳоро ба шабакаҳои интернетӣ паҳн мекунанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро як гурӯҳ ҷавонони аз 20 то 29-солаи сокинони шаҳри Ҳисор содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.