Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Мувоқимат бо савдои одамон” дар шаҳри Кӯлоб

Бо ташаббуси роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Мувоқимат бо савдои одамон” баргузор гардид.
Семинар аз ҷониби гуруҳи корӣ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, Шарипов П., намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират Раҳматҷонов А., корманди ташкилоти ҷамъиятӣ Давлатбеков ва сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Собирҷон Шоҳимардонзода доир карда шуд. 
Дар семинари мазкур муфаттишони мақомоти Прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъадор ва муфаттишони Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иштирок намуданд.
Дар семинар мутахассисони соҳавӣ вобаста ба тақвият додани фаъолияти муфаттишон дар вақти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дар самти ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон  ба иштирокчиёни семинар маълумотҳои заруриро пешниҳод карданд.

12.06.2025 17:50
86