Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ баҳри пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ

Рӯзи 12-уми июни соли равон бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва Дафтари Барномаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» баргузор гардид.
Дар оғоз, мушовири директори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Дилбар Самадова доир ба ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур суханронӣ намуда, афзуд, ки ин робита боиси коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ миёни донишҷӯён мегардад.
Дар навбати худ, муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён иброз дошт, ки варзиш дар баробари таъмини солимии руҳию ҷисмонӣ, инчунин пайвандгари дӯстиву рафоқат ва эътимоду боварӣ дар миёни одамон ва қавму миллатҳо ба ҳисоб рафта, ҳар як варзишгар метавонад бо дастовардҳои худ миллат ва давлати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
 - Тарбияи дурусти ҷисмонии ҷавонону наврасон омили тавоноии беҳбудбахшии ҳолати равонӣ дар пешгирии стресс, афсурдагӣ ва дигар мушкилоти равонии онҳо буда метавонад, - афзуд баромадкунанда.
Дар фароварди сухан Аслиддин Шоҳиён илова кард, ки дар ин рисолати муҳим нақши ташкилотҳои варзишӣ ва волидайн беандоза калон буда, бо роҳандозии чунин чорабиниҳои муштарак метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар идома сардори Шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон полковники хизмати дохилӣ Одинашо Баротзода дар мавзуи “Нашъамандӣ инсонро ба бадбахтӣ меорад!” маъруза намуда, иброз дошт: “Нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, инсонро маҷруҳ мегардонад. Нашъамандӣ амали басо хатарнок буда, он барои солимии ҷомеа хатарҳои зиёдро ба бор меорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ ба ин вабои аср мубориза барем, то солимии ҷомеа пойдор бимонад”.
Инчунин, сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Нусратзод Анвар Нусрат дар бораи вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят баромад намуда, иброз дошт, ки мову шуморо зарур аст, ки баҳри пешгирии қонуншиканиҳо ва мубориза бар зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб камари ҳиммат бандем. Ҳамзамон, моро зарур аст, ки дар вақти таътили тобистона ба масъалаи китобхонии фарзандони худ таваҷҷуҳ намуда, онҳоро дар муҳити солим ба воя расонем.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба хотири ҳифзи саломатии ҷомеа ва қишри ояндасоз миёни донишҷӯдухтарони коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории шаҳри Бохтар мусобиқаи волейбол гузаронида шуд. Дар натиҷа, волейболбозони дастаи Коллеҷи тиббӣ ба ҳарифони хеш ғолиб омаданд.
Ҳамин тавр, дар ин мусобиқа ҳамлагар - Зуҳро Исмоилова, муҳофизатгар - Кумушой Қамбарова ва нишонзан - Дилдора Ҳайитова аз беҳтаринҳо дониста шуданд.
Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Тоҷиддин Латипов

12.06.2025 17:34
48