Даъват ба тарзи ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ
Рӯзи 11-уми июни соли равон бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва Дафтари Барномаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» баргузор гардид.
Семинари омӯзиширо муовини аввали раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён оғоз карда, дар мавзуи “Саҳми варзиш дар пешрафти кишвар” баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз варзишгарони мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Парчами давлатии моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд. Дар навбати худ, моро зарур аст, ки барои расидан ба ин пешравиҳо тамоми кӯшиши хешро равона созем.
Варзиш барои ташаккули малакаҳои ҳаётии ҷавонон муҳим буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки бо мушкилоти рӯз мубориза баранд ва аз ҷалби зӯроварӣ, ҷинояткорӣ ё истеъмоли маводи мухаддир худдорӣ кунанд. Варзиш метавонад ҷавононро ба ҳам муттаҳид сохта, аз ҷиноятпешагӣ дур созад.
Дар навбати худ, муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ дар бораи одобу маърифат ва дигар мавзуъҳои доғи рӯз маъруза намуд. Ӯ, аз ҷумла зикр сохт, ки сарчашмаи ҳамаи пешравии инсон аввалан ин одобу ахлоқи ӯ мебошад, зеро нафари дорои ахлоқу одоби шоиста соҳиби обрӯ ва донишманд мешавад. Аз ин рӯ, мову шуморо зарур аст, ки пайи ислоҳи хеш ва саҳми бориз гузоштан дар пешрафти Ватани азизамон бошем.
Сипас, равоншиноси Раёсати тиббии ВКД капитани хизмати дохилӣ Аюб Бозоров дар мавзуи “Таъсири маводи мухаддир ба ҳолати руҳию равонии инсон” маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Семинари омӯзишӣ дар доираи пешгирии қонуншиканиҳо ва дигар амалҳои номатлуб миёни наврасон роҳандозӣ карда шуда, аз онҳо талаб карда мешавад, ки дар вақтҳои холӣ ба хондани китобҳои бадеӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гарданд.
Дар қисмати дуюми семинари омӯзишӣ, инчунин ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд, ки миёни дастаҳои футболи ин муассиса доир карда шуд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд қайд кард, ки дар ин рӯз дар майдони варзишии «Спитамен»-и ВКД мусобиқаи футболи хурд дар байни тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо ҳам сабқат намуда, ҷойи аввал насиби дастаи “Меҳровар» гардида, зинаи дуюмро тими «Сомон» соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, дар ин мусобиқа ҳамлагари беҳтарин Усмон Руслановски дониста шуда, нишонзани беҳтарин бошад, Фирӯз Раҳмонов ҳисобида шуд, муҳофизатгари беҳтарин Ҳусейн Кабиров ва дарвозабони беҳтарин Темур Наботов муаррифӣ гардид.
Тоҷиддин Латипов