Иштироки динамочиён дар Чемпионати Осиё дар давлати Қатар
Рӯзҳои 27-31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Дохаи давлати Қатар Чемпионати Осиё байни калонсолон оид ба варзнабардорӣ баргузор гардид, ки ду нафар варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мусобиқа иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз он ҷумла, Зиеев Абдуфатоҳ дар вазни +109кг сазовори ҷойи аввал ва Сангов Асомуддин дар вазни 89кг ҷойи дуюмро ишғол намуда, соҳиби медали тилло ва нуқра гардиданд.