Вохӯрӣ бо ҳайати сарбозону афсарон
Бо ташаббуси сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода барои сарбозони қисми низомии №3501 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста шуда, вохӯрӣ ва сӯҳбати самимӣ доир карда шуд.
Сардори милитсияи Суғд Маҳмадсафар Пирзода оид ба мавқеъи сохторҳои ҳарбӣ дар низоми давлатдорӣ сухан кард. Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавон аст, ки дар домони модар Ватан тарбия ва ба камол расидааст. Зеро бар пояи иҷрои ин уҳдадорӣ волоияти қонун ва сулҳу субот таъмин мегардад. Ба ибораи дигар сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ нишонаи садоқат ба Ватан ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа аст.
Имрузҳо Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, то ин ки касб омӯзанду ба нафъи халқу миллат хизмат намоянд. Аз ҷумла, дар қисми низомии №3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД таъминоти моддӣ-техникӣ, шароитҳои созгори хизмат ва тамрину касбомӯзӣ барои сарбозон фароҳам мебошад.
Дар рафти мулоқот бо такя ба рӯйдодҳои гузаштаву имрӯза сардори Раёсат ба ҳозирин оиди дастовардҳо ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Хизматҳои арзандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мисолҳои воқеъӣ ба саҳми сарбозон расонида шуд. Аз сарбозон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷараёни хизмат бо рафтори оинномавӣ садоқати худро ба Ватан нишон диҳанд. Интихоби касб ва саҳмгузорӣ дар тараққиёту пешрафти Ватан ҷузъи ҳамингуна хислати ватанпарастӣ шуда метавонад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.