Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 4 ҷавон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

10-уми июни соли 2025, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Эшмаҳмадов Диёрбек Сулаймонқулович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Сомонии ҷамоати шаҳраки Ҳ.Нави ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳи мошингард рафта, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Эшмаҳмадов Д.С. ва мусофирони дохили автомашина Худойназаров Пардаали Ҷамолович, соли таваллудаш 2004, Умаров Ҳусен Абдулҳакимович, соли таваллудаш 2005 ва Менпулотов Диёрбек Лолахонович, соли таваллудаш 2004, сокинони ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Абдураҳимов Донёр Хушбахталиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

12.06.2025 8:32
33