Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии марди 53-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Бӯстон, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, роҳбари ҶДММ «Дилшод 2017» бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, худро соҳибкор муаррифӣ намуда, барои гардиши соҳибкориаш аз ӯ дар аввал 80 ҳазор сомонӣ ва бори дигар дар якчанд марҳила то соли 2023 маблағи 605 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.06.2025 8:29
22