Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
9-уми июни соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи дучархаи намуди «Скутер», Данабоев Қурбонали Худойбердиевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки «Бӯстон-Зарнисор», дар назди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи скутераш набаромада, дар канори роҳи мошингузар афтидааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
10-уми июни соли 2025, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Элмуродов Шоҳрух Ҳасанович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Кибил ба самти маркази шаҳри Норак, воқеъ дар наздикии нуқтаи сӯзишворӣ бо номи «555», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ-346L» таҳти идораи Назарзода Зоирҷон Маҳмадали, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Норак бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-346L» Назарзода З.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.