Дастгир гардидани зани 35-сола барои ташкили фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахонаё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Шевченко ба ҳайси маъмур кору фаъолият намуда, меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, 28-уми майи соли 2025 ба марди 30-сола ва зани 35-солаи сокинони шаҳрҳои Ҳисору Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан бар ивази 300 сомонӣ шароит фароҳам овардааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.