Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки 8-уми июни соли 2025, тахминан соати 20:20-дақиқа, шахси номаълум ӯро аз назди истгоҳи Ваданасоси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе савор намуда ба тарафи заминҳои ҷамоати деҳоти Қулпистаи деҳаи Ҷавалии ноҳияи мазкур бурда бо воситаи корд ҷабрдидаро таҳдид намуда, аз ӯ як адад телефони мобилии тамғаи «ТЕКНО 10» ва 500 сомониашро гирифта, тавассути  корд ба баданаш як маротиба зарба зада, ӯро беҳуш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

11.06.2025 8:35
12