Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
9-уми июни соли 2025, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Назриқулов Шаҳриёр Муродуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми расидан дар ҳудуди деҳаи Хучилдиёри ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Мирзоева Момагул Шарифовна, соли таваллудаш 1948 ва хурдсол Мирзоева Закия Мустафоевна, соли таваллудаш 2019, сокинони шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардони мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, хурдсол Мирзоева З.М. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
9-уми июни соли 2025, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Ланд”, Маҷнунов Эмомали Назрихоҷаевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯчаи С.Раҷабови ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри мазкур ба қисмати паҳлуи росташ ба автомашинаи тамғаи “ДУЭ Тико”, ки таҳти идораи ронанда Аминов Маҳмудxон Бахтиёрxонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода, ки дар роҳи худ ҳаракат менамуд, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи бархӯрд мусофири автомашинаи “ДУЭ Тико”, ноболиғ Абдуллоев Беҳзод Фарҳодович, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Ҳисор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДУЭ Тико” Аминов М.Б. ва мусофири он ноболиғ Абдуллоев Сарвар Ҳусейнбоевич, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
9-уми июни соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ОПЕЛ-Астра”, Иброҳимов Рамазон Сангимадович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳангоми расидан дар ҳудуди деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаашро чаппа намуда, ба садама дучор шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Иброҳимов Р.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.