Дастгир гардидани якчанд ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми июни соли 2025, ноболиғони 16, 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи савдои фурӯши спиртии “Ҷоми Хаём” даромада, аз онҷо 400 қуттии тамокуи тамғаи “Эсе Ченҷ”, 30 қуттии “РОССА”, 40 қуттии ЛД, 10 қуттии “Орис”, 40 қуттии “Милано”, ки дар умум арзишашон 12 ҳазор сомонӣ ва 1-адад машруботи спиртии “Вито-Т”, ки арзишаш 1 ҳазору 320 сомонӣ, 2-адад коняки “ХЭНЕСИ–ВСОП”, ки арзишашон 1 ҳазору 900 сомонӣ, 1-адад коняки тамғаи “Чабот”, ки арзишаш 1 ҳазору 850 сомонӣ, 20-адад шоколад, ки арзишашон 500 сомонӣ, 1-адад вискии тамғаи “Чивас”, ки арзишаш 600 сомонӣ, 12-адад чипс, ки арзишашон 200 сомонӣ, 800 сомони пули нақд ва охирон хотираи камераҳои мушоҳидавиро, ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 670 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5 ба 6-уми майи соли 2025, аз набудани соҳибхона истифода бурда марди 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 2-адад телевизор ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.