Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино

9-уми июни соли 2025, соати 21:38-дақиқа, дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино дар манзили истиқоматии шаҳрванд Моҳшарифи Маҳмадюсуф, хонаи 166, сӯхтор ба амал омадааст. 
Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони оташнишонӣ бо 7 адад автомашинаҳои қисмҳои оташнишонии шаҳри Душанбе маълум гардид, ки сӯхтор дар масоҳати 380 метри мураббаъ дохил ва болопӯши хонаи №166, инчунин манзилҳои истиқоматии №160 ва №165-ро фаро гирифтааст.
Муайян гардид, ки манзили истиқоматии №166 ҳамчун Сехи коркарди ҷуворимакка ва анбори нигоҳдории молу маҳсулот истифода карда мешудааст.  
Сӯхтор дар масоҳати авалааш соати 22:26-дақиқа хомӯш карда шуд. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор З нафар шаҳрвандон аз коми оташ наҷот дода шуданд. 
Шахси гунаҳгор, сабаб ва зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.

10.06.2025 15:44
58