Ҳалокати якчанд нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ
7-уми июни соли 2025, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабов Қурбоналӣ Собиржонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Олимова Бибиоиша Наврӯзбековна, соли таваллудаш 2021, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми июни соли 2025, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Карликов Насимҷон Нурхонович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҷавонони шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ Самираи Олоберди, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Самираи О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми июни соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседс-Бенс”, Садизода Муҳаммад Комилҷон, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи Ш.Шоҳини шаҳри мазкур ба самти маҳаллаи С.Сафаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Исозода Иброҳим, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Исозода Иброҳим, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
8-уми июни соли 2025, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Ҷ», Яқубов Бахтовар Ҳасанович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Расулов ба самти шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳи мошингард аз роҳ берун баромада, ба садама дучор гаштааст, ки дар натиҷа ҳамсари ронанда Гулзода Ҷумагул Сафаралӣ, соли таваллудаш 1997, фарзандони хурдсолаш Яқубзода Закия Бахтовар, соли таваллудаш 2021 ва Ҳасанзода Азиза Бахтовар, соли таваллудаш 2023, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, хурдсол Ҳасанзода А.Б. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.