Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки 7-уми июни соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мавзеъи Шар-Шари заминҳои ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 48-солаи сокини ноҳияи Темурмалик содир намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 24-уми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мазортол-20», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Р.Ҳамробоеви шаҳри Конибодом як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 68-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.