Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётӣ дар манотиқи гуногуни кишвар

4-уми июни соли 2025, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳматов Раҳмат Ғафурович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳ ба самти ноҳияи Б.Ғафуров дар 200-ум километри шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанок", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров ба қисмати қафои бордони автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз-63212», таҳти идораи Муссоев Иссобой Эргашевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Раҳматов Р.Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми июни соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Прюс”, Қосимов Эҳсон  Азизуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Заркуҳ ба самти ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада велосипедрон, Шарипов Муҳаммадали Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Шарипов М.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
5-уми июни соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шомирзоев Абдумутолиб Тағайқулович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Мавлонов Қурбоназар Алиевич, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Соната”, Пардаев Маъруф Мамарасулович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи юДоккии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Холматов Маҳмадулло Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро, ки дар қафояш оилааш Холматова Гулхумор Азизовна, соли таваллудаш 1960, нишаста буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холматов М.З. ва оилааш Холматова Г.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, оилааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми июни соли 2025, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ”, Пиров Дилшод Муссоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Синҷодара ба самти деҳаи Дегрези ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати чапи роҳ дар масофаи 56 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Шарифов Мирзо Каримхонович, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Мусофирон, Наимов Сайдаҳрор Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, Мадалиев Ҷаҳонгир Хуршедович, соли таваллудаш 1997 ва ноболиғон Абдуллоев Наимҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 2012, Пиров Абдулло Дилшодович, соли таваллудаш 2010, сокинони ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
6-уми июни соли 2025, тахминан соати 24:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, Ҳакимов Баракатуло Валиҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шулонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба Скутер таҳти идораи Бахтиёри Ҳандуло, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳия, бархурда, номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Мусофири дар Скутер буда Хушвахти Файзулло, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

07.06.2025 8:42
21