Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт

8-уми июни соли 2025 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода  Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар минтақаи мазкур, кормандони самти Хадамоти давлатии "Муҳофиза", оташнишонӣ, ДТММ, Шуъбаи минтақавии  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрда, бо шароити хизматии онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандону афсаронро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол доимо омода бошанд.
Вазири корҳои дохилӣ  оид ба масъалаҳои вазъи сиёсӣ - крименогении дунё, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили террористӣ,  экстремистӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ибрози андеша намуда,  ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба кормандони милитсияи минтақаи Рашт як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гул Маҳбуба.

08.06.2025 21:58
169