Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои зарардида дар ноҳияи Рашт
8-уми июни соли 2025 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт аз рафти корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои дар офати табиӣ - заминҷунбӣ зарардида боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.
Гул Маҳбуба.