Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ  нисбати марди қаллоб

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини ноҳияи Ишкошим моҳи ноябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ишкошим даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, аз ӯ 110 сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, 13 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 177 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо бандҳои “а", "в” қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.06.2025 8:42
19