Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истироҳату фароғати кормандони милитсия дар «Маркази осоишӣ-табобатии  ВКД» дар минтақа ва ноҳияи Рашт

Баҳри беҳдошт ва тақвият додани вазъи саломатии ҳайати шахсӣ ҳамасола бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба таври ройгон ба осоишгоҳҳои табобатию истироҳатии ВКД ирсол карда мешаванд. 
Бо ин мақсад аз тарафи мавсуф иқдом гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ низ шумораи зиёди кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба чунин осоишгоҳҳои табобатию истироҳатии ВКД равон карда шаванд.
2-юми июни соли 2025 дар давраи аввал 30-нафар ҳайати хурд ва калони роҳбарикунандаи ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Маркази осоишӣ-табобатии ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт сафарбар карда шуданд. Тибқи нақша кормандони мазкур аз 2-юм то 9-ум, яъне ба муҳлати 7-рӯз дар осоишгоҳи мазкур истироҳат намуда, аз табиати зебо ва шароити хуби хизматрасонии он баҳрванд хоҳанд гашт. Бояд тазаккур дод, ки осоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо шароити хуби истироҳатию табобатӣ фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизотҳо ва дигар намудҳои хизматрасонии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳайати шахсии ШВКД шаҳру ноҳияҳои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми соли ҷорӣ пай дар пай сафарбар шуда, аз табиати биҳиштосо ва хизматрасониҳои табобатию фароғатии он истифода хоҳанд кард. 
РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.06.2025 8:52
72