Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар 

1-уми майи соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи тамғаи ”Квадратсикл”, Абдуллоев Абдулло Дилшодович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара ба самти боғи фарҳангии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи квадратсиклаш набаромада, дар канори рости роҳи автомобилгард пиёдагард, Абдулфаёззода Зоҳир Абдулфаёз, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдулфаёззода З.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, 2-юми июни соли 2025, дар беморхона ба ҳалокат  расидааст. 
2-юми майи соли 2025, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, Аскаров Тоҷиддин Ашурович, соли таваллудаш 1986, ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкур ба самти кӯчаи А.Ғуломови ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, велосипедрон Давлатбеков Одилбек Атобекович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрон Давлатбеков О.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

03.06.2025 8:59
27