Тағйир додани иттилооти компютерӣ
Ҳангоми санҷишҳо дар шабакаи барқии ноҳияи Балҷувон муайян карда шуд, ки собиқ роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқии ноҳияи Балҷувон марди 44-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар давраи фаъолияти роҳбариаш аз 24-уми августи соли 2021 то 31-уми январи соли 2024, ба барномаи назорати миқдори истифодаи қувваи барқ ва пардохти маблағи истифодаи он “СМАРТБИЛИНГ” ғайриқонунӣ маълумотҳои баръало бардурӯғро оид ба гӯё истифодаи 1 миллиону 465 ҳазору 408 киловат соат қувваи барқ аз тарафи корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ноҳияи Балҷувон ворид карда, бо ин роҳ корхонаро беасос ба маблағи 246 ҳазору 481-сомонӣ қарздор карда ва баъдан корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” 170 ҳазор сомониро ба буҷаи давлат ворид карда ва 76 ҳазору 481 сомонии дигар ба корхонаи боло зикр боқӣ монда ин маблағ ба корхона зарари ҷиддӣ ҳисобида мешавад.
Нисбати гумонбаршаванда ва дигарон бо қисми 1 моддаи 299 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















