Дастгир гардидани марди 61-сола бо ҷурми дуздӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки қаблан соли 2021 бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми майи соли 2025, тахминан соати 11:00, бо роҳи пинҳонӣ аз назди бозори марказии шаҳри Панҷакент 1-адад дучархаи тамғаи «Спорт»-ро, ки ба марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷчиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















