Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду ҷавон бо гумони авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 26-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 1-уми июни соли 2025, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар кӯчаи Маяковский қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ марди 28-солаи сокини пойтахтро лату кӯб намуда, бо корд якчанд маротиба ба баданаш зарба задаанд. 
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар  беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

03.06.2025 8:48
31