Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар татбиқи Барномаҳо, Фармоишҳо

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  «Дар  бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5, тасдиқ гардидани Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030) ва боз санадҳои дигар тадбирҳое мебошанд, ки татбиқи онҳо, ба нақши занон дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва афзудани сафи занон ва духтарони бомаърифату масъулиятшинос  дар ин ниҳоди қудратӣ таъсир расонд. Зеро дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол занону модарони тоҷик,  бахусус, занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таълиму тарбияи насли нав, пешрафту шукуфоии кишвар, муборизаи оштинопазир бар зидди қонуншиканиҳо, ки ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо занон вобаста аст, инчунин, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург доранд.                             Таъини занон ва духтарон  дар мақомоти корҳои дохилӣ  ба ҳайати роҳбарикунанда бо назардошти лаёқатмандӣ, сифатҳои касбӣ ва салоҳиятнокии онҳо оғоз гардид.  Кормандзанони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, бахусус, заноне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда истодаанд,  имрӯз дар татбиқи дастуру супоришҳои  роҳбарияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармоишҳои  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Чаласаи навбатии Раёсати  Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, ки санаи 2-юми июни соли 2025 бо иштироки  раисони шуроҳои занони Дастгоҳи марказии ВКД, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
-Пешниҳодҳо ба Нақша-чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба амалисозии   “Стратегияи миллии фаъолгардонии  нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2030”.
-Баррасӣ намудани  Талабномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои дар узви бадани кормандони милитсия тағйирот даровардан бо тариқи ҷароҳии пластикӣ ва бо сару либоси низомӣ ҷой намудани расму наворҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
-Пешниҳодҳо ба  Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ оид ба  коркард намудани намунаи нави либоси низомии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,
Доир ба масъалаҳои зикргардида намояндагони  кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ  андешаҳо ва пешниҳодҳои  худро иброз намуданд.

Раиси Ассотсиатсияи шурои 
занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
полковники милитсия                                    Давлатшозода А.Ш.

04.06.2025 19:05
53