Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон»

4 июни соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муфаттишони мақомоти Прокуратура, корхои дохилӣ, КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
Семинари мазкур бо ташаббуси раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон, муовини якуми Вазири корхои дохилӣ, генерал - лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. ташкил ва баргузор гардид.
Семинари мазкур ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони зикргардида равона гардида, дар он бо маърузаҳои пурмуҳтаво мутахассисони варзида  Солиев К.Ҳ., Шарипов Т.,  баромад  намуда, хусусиятҳои хоси муқовимат ба савдои одамонро дар замони ҷаҳонишавӣ ба  иштирокчиёни семинари омӯзишӣ фаҳмониданд.

04.06.2025 18:59
75