Намоиш-фурӯши идона бахшида ба Иди Қурбон
Дар арафаи Иди саиди Қурбон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои асосии Вазорати корҳои дохилӣ, баҳри ғанӣ гардонидани дастурхони шаҳрвандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат чунин намоиш-фурӯши маводи хӯрока доир карда шуд.
Дар он маҳсулоти хӯрока, аз қабили гӯшту биринҷ, равғану тухм, орд, картошкаю пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоии хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дигар корхонаҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.
Масалан: 1 кг гӯшт – 50-65 сомонӣ, 1 қуттӣ тухм - 15 сомонӣ, 1 литр равған - 10 сомонӣ, 1 кг биринҷ - 6, киллои пиёзу сабзӣ - 2 сомонӣ, 1 дона банан - 2 сомонӣ, бодирингу помидор - 3 сомонӣ ва монанди ин, дигар маҳсулот пешкаши харидорон гардонида шуданд.
Дар намоиш-фурӯши мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз 23 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 5 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва 9 шаҳру навоҳии тобеи марказ, инчунин минтақаи Рашт маҳсулоти худро бо нархи дастрас пешкаши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намуданд.
Тавре сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода иброз дошт, дар муқоиса бо якмаркаҳои пештара ин навбат бештар маҳсулот ворид гардид, аз ҷумла аз Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муаассисаи давлатии «Хоҷагиҳои ёрирасон»-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД маҳсулоти ниёзи аввал ва маводи хӯрока ба фурӯш гузошта шуд.
Дар навбати худ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти ВКД барои ин амали хайрашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Н. ҶОБИРОВ