Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се садамаи нақлиётии марговар дар миқёси ҷумҳурӣ 

30-юми майи соли 2025, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юлдошев Дархон Нормуродович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳусейнов Сироҷиддин, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳусейнов С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
31-уми майи соли 2025, тахминан соати 11:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шомаҳмадов Диловар Бойматович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҷанубии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Қосимов ба самти кӯчаи Чимтеппа, дар рӯ ба рӯи даромади маҳаллаи Гулпарвар пиёдагарди хурдсол, Шарифзода Ганҷина Баҳром, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Шарифзода Г.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби ронанда ба беморхона дастрас карда шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
31-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-МАЗ-4502”, Файзалиев Меҳроб Иброҳимович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳробод ба самти деҳаи Мирзоободи ноҳияи мазкур қоидаҳои роҳу нақлиётро риоя накарда, ноболиғ  Ҳасанов Умар Мирзоалиевич, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ҳасанов У.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
1-уми июни соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сироҷов Сахиҷон Шовасович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Амонқулова Мержен Алламуратовна, соли таваллудаш 2003, сокини ҳамин ноҳияро, ки дар канори роҳ дар ҳолати сархушӣ хобида будааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Амонқулова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.06.2025 8:26
51