Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ноболиғи 17-сола барои авбошӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини  шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми майи соли 2025, тахминан соати 16:20-дақиқа, дар кӯчаи Мири ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ноболиғии 17-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро зери лату кӯб қарор додаанд. 
Сипас гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди қаблан бо худ доштааш ба бадани ҷабрдида 3 маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ноболиғи 17-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

02.06.2025 8:21
38