Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми тамаъҷуӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷуӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи августи соли 2017 бо зани 42-солаи сокини шаҳри мазкур, ки дар ҳолати ҳаяҷон ва ғазабонӣ будааст, вохӯрда, ҳамсӯҳбат шуда, баъдан ҷабрдида ба ӯ бо ҳамсояи худ доштани хусумати шахсиашро нақл намуда, хоҳиши ба қатл расонидани ӯро кардааст. 
Гумонбаршаванда бо мақсади дар оянда тамаъҷӯӣ намудан гуфтугӯро бо телефон сабт карда, бо баҳонаи ифшо ва паҳн накардани сабти гуфтугӯ, дар 7 марҳила, яъне то моҳи июни соли 2024, аз ҷабрдида дар умум 104 ҳазору 400 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.06.2025 8:16
33