Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 5 нафар бар асари ҳодисаи нақлиётӣ 

29-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Қурбанбоев Дониёр Алибекович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов ба самти муқобили роҳ баромада, бо қисмати пеши автомашина ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи Ҷумахмедов Атохон Қаюмович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дар ҳар дуи автомашинаҳо сӯхтор ба амал омада, ронанда ва мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Ҷумахмедов А.Қ., ноболиғон: Мирзошавкатзода Муслиҳиддин, Асадхонзода Муҳаммадхон, Сулаймонов Ҳадятулло, соли таваллудашашон 2009, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, инчунин мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Обидов Обидҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Қурбанбоев Д.А. ва 3 нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Зафира» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

30.05.2025 8:14
208