Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши пирамарди пиёдагард дар ноҳияи Рӯдакӣ

29-уми майи соли 2025, тахминан соатҳои 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Кия Бонго”, Саидов Наимҷон Санатуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бабакалонов Бабахон, соли таваллудаш 1938, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Бабакалонов Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба  ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

30.05.2025 8:12
57