Дастгир гардидани марди 39-сола бо ҷурми соҳибкории ғайриқонунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҷойи кораш раиси ҶДММ «Асрори Истаравшан» бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар давраи 10-уми августи соли 2022, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан бо канда ва ба фурӯш баровардани сарватҳои зеризаминӣ, яъне истихроҷи оҳаксанг машғул гашта, ба миқдори 168 ҳазору 118 сомонӣ андози давлатро пардохт накарда, ба манфиати давлат зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















