Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми милитсияи Суғд дар ҳифзи саломатии аҳолӣ

Рӯзи 26 май бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донорӣ, ки санаи 14 июн муқаррар шудааст ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилоятти Суғд дар марафони хунсупорӣ, ки  Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Хуҷанд ташкил намуд дастаҷамъона иштирок карданд. Марафони хунсупорӣ тавре масъулон иброз доштанд дар ҳудуди вилоят аз 14 май оғоз гардида то  рӯзи умумҷаҳонии донорӣ санаи 14 июн идома хоҳад кард. 
Чорабинии донорӣ таҳти шиори «Хуни ту ҳаётеро наҷот медиҳад» ташкил карда шуда зиёда аз 100 нафар кормандони милитсия ҳамчун донор хуни беподош супориданд. Ҳайати шахсӣ ихтиёран бо максади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ ба кори хайр ҷиҳати наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии маризони ба хун эҳтиёҷдошта иқдом намуда фаъолона хун  супориданд. 
Дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ милитсияи Суғд ҳамчун нишонаи инсондӯстӣ баҳри ҳифзу нигоҳдории саломатии аҳолӣ дар чорабинии ташкилнамудаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда мехоҳанд бо хуни худ ҳаёти нафареро наҷот диҳанд.
Тадқиқотҳои соҳаи тандурустӣ исбот кардаанд, ки баъди хунсупори мубодилаи моддаҳо дар таркиби хун ва организми инсон хуб шуда як миқдор моддаҳои нолозим аз бадан дур ва дар ҷараёни барқароршавӣ хуни тозаи дорои моддаҳои зарурии солимгардонӣ организимро фаро мегирад, ки шахс худро бардам ҳис мекунад. 
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.
29.05.2025 15:50
56