Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 24-сола 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2025, "Абдуллоҷон" ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 110 ҳазор сомониашро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 35 шабонарӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин автомашинаи барқӣ  оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.05.2025 8:39
17