Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 46-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 45-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки 23-юми апрели соли 2025, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар бозори “Саховат” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ӯ як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 1 ҳазору 600 сомонӣ ва аз ҳамёни “Душанбе Сити”-аш 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

29.05.2025 8:32
18